
Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини раиси Шӯро – Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад, аъзоёни Шуро – намояндагони раёсатҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, инчунин аъзои котиботи Шӯро ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд, ки дар он як қатор масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷаласаро раиси Шӯро – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо оғоз намуда, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бандҳои қарори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор ва роҳҳои таъмини иҷрои “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва “Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025”, суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласа ҳисоботи муовинони Вазири адлия, Вазири корҳои дохилӣ ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои талаботи “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” шунида шуд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ муваззаф гардидан, ки ҳисоботҳоро доир ба иҷрои амалисозии Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2021-2025 пешниҳод намоянд.
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2026-2030-ро таҳия намуда, дар муҳлати муқарраргардида барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Дар охири ҷаласа, доир ба масъалаҳои муҳокимагардидаи рӯзнома, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.