Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастуру супоришҳои роҳбарияти Агентӣ ва бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар, санаи 16 майи соли 2025 вохӯрии кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш бо устодону донишҷуёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт дар мавзуи “Сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ” баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ, кормандони шуъба бо маърӯза баромад карда, мақсаду ҳадафҳои Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025 ба ҳозирин шарҳ дода, оид ба корҳои дар доираи Стратегияи мазкур дар давраи сипаригардида анҷомдода маълумот доданд.
Аз ҷумла,оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ва чор моҳи аввали соли ҷорӣ маълумот дода, диққати ҳозиринро ба афзоиши ҷиноятҳои мухаддиротӣ ва паҳншавии моддаҳои синтетикии психотропӣ ҷалб намуданд. Зимнан, ба устодону донишҷуёни муассисаҳои зикршуда доир ба оқибатҳои тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии бемории нашъамандӣ маълумотҳои муфассал пешниҳод гардида, ба саволҳои онҳо пусух дода шуд.
Ҳамзамон, дар вохӯрии мазкур оид ба татбиқи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024, масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бо зуҳуроти терроризм ва экстремизм, омилҳои коррупсионӣ, савдои одамон ва силоҳ, риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат,таъмин намудани амният, сулҳу субот,ҳифзи истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ,инчунин риояи қонунҳоиҶумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак”, ҳамчунин сазовор истиқбол намудани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ ба ин муносибат суҳбатҳои судманд анҷом дода шуд.