Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Амалиёти “Кӯкнор – 2025” оғоз гардид

Мутобиқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2025 ва ҷиҳати иҷрои банди 5 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” санаи 19 майи соли 2025 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти оперативӣ-профилактикии “Кӯкнор-2025”, таҳти роҳбарии Директори Агентӣ генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои салоҳиятдори ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои сафарбаргардида барои роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолият, ситоди ҷумҳуриявии амалиёти “Кӯкнор-2025” дар назди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба ташкил ва баргузор намудани он тасдиқ карда шуд.

Нақшаи чорабиниҳои зикргардида ташкил кардани ситодҳои кории амалиёти “Кӯкнор-2025”-ро дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳои Мухтори Куҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо пешбинӣ менамояд.

Мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои амалиёти “Кӯкнор” ҷиҳати бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар дохили ҷумҳурӣ ва қочоқи он тавассути Сарҳади давлатӣ, ошкор ва пешгирии ҳодисаҳои интиқоли ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи нашъаовар дар роҳҳои автомобилгард дидбонгоҳҳои муваққатӣ ва сайёр гузошта шуда, дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан гурӯҳҳои муштараки оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таъсис ёфта, фаъолияти кормандон пурзӯр карда мешаванд.

Инчунин, дар марказҳои дилхушии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалиётҳои оперативӣ – ҷустуҷӯи ва профилактикӣ гузаронида мешавад.

Зимни баргузории амалиёт гузаронидани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар маҳалҳо оид ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, кишти ғайриқонунии растаниҳои дорои маводи нашъаовар ва оқибатҳои зараровари сӯиистеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, инчунин,дар байни табақаҳои мухталифи аҳолӣбаргузор намудани чорабиниҳои маҷмӯии пешгирикунанда ба нақша гирифта шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки амалиёти “Кӯкнор – 2025” дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июн  то 30 ноябри соли ҷорӣ роҳандозӣ мегардад.