Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ва 26-умин солгарди таъсисёбии Агентӣ байни кормандон мусобиқаи футболи хурд баргузор гашт

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол ва 26-умин солгарди таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандони Агентӣ мусобиқаи футболи хурд доир гардид. 

Бозии футбол  дар Тоҷикистон дар партави дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш густариш меёбад.

Қобили зикр аст, ки 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намуд. Эълон  гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол маҳз бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод шудааст. 

Мусобиқаи футбол байни раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Агентӣ рӯзҳои 19, 20 ва 22 – майи соли ҷорӣ баргузор гашт. 

Бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси бе воситаи Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1-июни соли 1999 мақоми махсусгардонидашудаи зиддимухаддиротӣ – Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфт.

Тули ин солҳо Агентӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа аз истеъмоли маводи нашъаовар, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ  хусусан дар байни наврасону ҷавонон оид ба зарар ва оқибатҳои фоҷеабори он ва тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим, тавассути ҳарчи зиёдтар шуғл варзидан ба варзиш, чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғати ва варзиширо ташкил ва баргузор менамояд.