Бо ибтикори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии ” Мактаби бачагонаи рассомӣ” Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе, бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”, ” Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” ва 26-умин солгарди таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмуни “Расми беҳтарин” дар мавзӯи пешгирӣ ва ҳушдор намудани наврасону ҷавонон аз оқибатҳои хатарноки истеъмоли маводи нашъадор ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонону наврасон зери унвони “Тоҷикистон – озод аз маводи нашъадор” оғоз гардид.
Озмуни мазкур санаи 20-май оғоз гардида, то санаи 28-майи соли ҷорӣ идома меёбад.
Дар интиҳо расмҳои тасвир намудаи иштирокчиён ба маърази ҳайати ҳакамон ва тамошобинон пешкаш гардида, аз байни онҳо ғолибон муайян мегарданд.