Нашъамандӣ ва паҳн гардидани маводи мухаддир дар ҷомеаи имрӯзаи башарӣ проблемаи глобалӣ эътироф гардида, аз чандин лиҳоз ба ҳаёти инсоният ҳамчун вабои аср хатар доштани он бесабаб нест. Имрӯз истифодаи ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо яке аз проблемаҳои асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ барои пешгирӣ аз ин амалҳои ба ҷомеа хавфнок конвенсияву қарорҳои дахлдор қабул намудаанд. Ҳадаф аз ин тасмимҳо аз ҷониби созмону ташкилотҳо, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид барои солимии аҳли башар андешидани тадбиру чораҳои зарурӣ мебошанд.
Тоҷикистон давлати мустақилу рӯ ба инкишоф таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад ва барои дар амал татбиқ намудани стратегияву нақшаҳои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ҳамеша талош меварзад. Баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории нашъамандӣ имрӯз аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар тамоми чораҳои заруриву саривақтӣ андешида шудаистодааст. Вобаста ба ин ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштарак аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовар ҳамчун мақоми махсусгардонидашуда ҳамасола амалиётҳои муштараки зиддимухадиротӣ бо мақомоти ваколатдори ҷумҳурӣ дар дохили кишвар гузаронида мешаванд. Қабули стратегияи мазкур вобаста ба вуҷуд омадани таҳдидҳои нав, қабл аз ҳама, вобаста ба фаъол гардидани ҷиноятҳои трансмиллӣ, аз ҷумла, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар алоқаманд мебошад. Ғайр аз ин, стратегияи мазкур барои ҳамкории созанда байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини бехатарии шахсият, ҷомеа ва давлат мусоидат менамояд.
Тавре зикр гардид, ҳамчун хатари глобалӣ бо гузашти чандин сол ин падидаи номатлуб – гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ба таври қочоқ аз ҳамсоякишвар асосан таввассути Афғонистон ворид гардида, нашъамандони камфикру беиродаро гирифтори ин “бемории нанговар” мегардонад. Тоҷикистон аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар минтақаи ниҳоят ҳассосу нозук қарор гирифтааст ва ҳамчун дарвозаи ҷанубии ин давлати абарқудрат дониста мешуд. Дар бисёр ҳолатҳо қочоқи маводи нашъаовар тавассути убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ сурат гирифта, бо ёрӣ ва мусоидати қочоқбарон ба дигар давлатҳо паҳн мегардад. Яъне нерӯҳои гуногун дар ин ҳол Тоҷикистонро ҳамчун давлати транзитӣ истифода мебаранд.
Дар робита ба авзои номутаносиби сиёсиву иҷтимоии Афғонистон ин давлат дар миқёси ҷаҳон аз ҷиҳати истеҳсолу парвариши маводи мухаддир дар яке аз ҷойҳои аввалин қарор мегирад. Ҷои инкор нест, ки кишти кӯкнор, коркарду фуруш ва истеъмоли маводҳои нашъадор ба давлатҳои ҳамсоя ва дигар давлатҳои транзитӣ ё минтақаи фуруши он мушкилоти зиёдро ба миён меорад. Тавре маълум аст, бори аввал хариду фуруши маводи мухаддир дар Тоҷикистон соли 1991 ошкор ва ба қайд гирифта шуда аз гардиши ғайриқонунии 10 киллограму 910 грамм маводи мухаддир пешгирӣ карда шуд, ки аз он 1киллограму 900 граммашро афюн ташкил медод. Баъдан маводи сахттаъсири героин бошад дар Тоҷикистон бори нахуст соли 1996 мусодира шуда буд.
Ҳаҷми зиёди кишти кӯкнор ва қочоқи маводи нашъаовар сабаби боз ҳам ноором гардидани вазъи сиёсӣ ва маблағгузории гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон мегашт, ки ин нуқтаро борҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ таъкид намудаанд.
Бо дарназардошти ин Роҳбарияти Олии кишвар баҳри пайгирии масъалаи ҳалталабу нигаронкунандаи ҷомеаи башар тадбири саривақтӣ андешида соли 1994 бо таъсиси додани воҳиди алоҳида дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар қадамҳои нахустини худро баҳри несту нобуд сохтани ин беморӣ гузошт.
27 апрели соли 1999 дар шањри Вена Протокол байни Љумњурии Тољикистон ва Раёсати Созмони Милали Муттањид оид ба маводи нашъадор ва љинояткорї имзо шуд ва 1 июни ҳамон сол Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон дар бораи таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумҳурии Тоҷикистон тасвиб гардид.
Агентӣ бо мақсади ташкил ва таъмини ҳамоҳангии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ оид ба масоили мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, назорати муомилоти қонунии онҳо дар сатҳи миллӣ, инчунин пешгирии нашъамандӣ ва коҳиши талабот ба маводи нашъаовар таъсис ёфта буд.
Таъсиси чунин сохтори махсусгардонидашуда ҷиҳати мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир тақозои замон буд.
Лоињаи таъсиси Агентӣ нахустин таљрибаи Созмони Милали Муттањид дар ин самт ва мисоли равшани њамкорињои љомеаи љањонї ва созмонњои байналмилалї зери њимояи СММ дар самти муборизаи муштарак бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа ба њисоб меравад.
Гузашти солњо, натиљаи њамкорињои самараноки зиддимухаддиротӣ дар сатҳи миллӣ ва фаромиллӣ сариваќтї ва дурандешона будани ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди таъсиси идораи махсуси ваколатдор бо дастгирии Созмони Милали Муттањид ҷиҳати таҷдиди мубориза бо таљовузи мухаддиротї, таѓйири бунёдии стратегияи мубориза бо муомилоти ѓайриќонунии воситањои нашъаовар, моддањои психотропї ва прекурсорњои онњо, инчунин пешгирии нашъамандї тасдиќ намуд.
Назоратнашаванда будани ин тамоюл боиси нигаронии ҷомеаи башарӣ мебошад, ки дар ин доира, яъне мубориза алайҳи паҳн гардидану истифодаи ғайриқонунии маводи мухаддир мавқеи Тоҷикистон равшану возеҳ устувор мебошад. Мо асло гуфта наметавонем, ки хати сарҳадоти кишвари мо барои нашъаҷаллобон, ки бо роҳҳои осону бемушкил кирдорҳои ғаразноки худро анҷом диҳанд, кушода ва бе назорат аст. Бо талошҳову заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистон қудрати пурраи ҳифз намудани сарҳадоти худро соҳиб гардидааст. Аз ҷониби сарбозони шуҷоъу далер ва афсарони бедордил шабонарӯзӣ хати сарҳадот назорати қатъӣ гардида, намегузоранд, ки қадами номубораки душманону нотавонбинон ва қочоқчиёни ба хоки муқаддаси ватанамон гузошта шавад. Аммо дар аксар мавридҳо қочоқчиён бо роҳи ғайриқонунӣ, тавассути пайроҳаҳои касногузари кӯҳӣ, тариқи роҳҳои дарёӣ, новобаста ба омилҳои мушкили табиӣ ва иқлимӣ, ба сарҳадшиканӣ роҳ дода, маводи мухаддирро то ба кишварҳои дигари минтақаву берун аз он бурда мерасонанд. Чунин вазъият боиси ба маводи мухаддир дастрасӣ пайдо намудани аҳолии зиёди ҷаҳон гардида, ҳамзамон маблағгузорӣ ба фаъолияти гуруҳҳои ҷиноятӣ бештар мешавад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намуданд: ” Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бояд дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолияти худро ҷоннок намуда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи қочоқи маводи мухаддир, ошкор ва аз байн бурдани гурӯҳҳои муташаккили нашъаҷаллоб ва такмили тарзу усулҳои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Даромад аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ҳамасола дар ҷаҳон даҳҳо миллиард долларро ташкил медиҳад, яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷузъи мубориза бо терроризм ва экстремизм маҳсуб меёбад”.
Ҳадаф аз ин ҳама муборизаҳо барҳам додани як тамоюли ниҳоят хавфноку манфӣ мебошад. Нашъмандӣ ва маводи мухаддир аз омилҳои хатарноку зиёновар ба ҳаёти инсонӣ буда, насли инсониятро ба нобудӣ мебарад. Дар ин самт муборизаҳо метавонад гуногун бошанд. Яке аз ин омилҳои мубориза тарғиботи зидди маводи мухаддир ба шумор рафта метавонад. Ногузир мебошад, ки дар ин роҳ намояндагони тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа фаъол бошанд.
Агентии назорати маводи нашъаовари Назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт дар доираи ҳамкориву робитаи васеъ баҳри тозаву озода нигоҳ доштани хоки муқаддаси Ватан аз нашъаҷаллобону қочоқчиён ва мубориза бурдан алайҳи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шабонарӯзӣ фаъолияти пурсамар дошта саҳми худро баҳри солимии ҷомеа мегузоранд.
Ҳоло механизми њамкорї ва њамоњангсозї дар самти мубориза бо муомилоти ѓайриќонунии маводи мухаддир дар сатњи ҷумҳурӣ ва байналмилалї танзим ва ташкил шудааст. Ба шарофати кўшишњои маќомоти дахлдори њифзи њуќуќи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Агентӣ, ҳоло вазъи мухаддиротї дар кишвар то њадди муайян ба эътидол оварда шудааст.
Қобили зикр аст, ки аз 8645 нафар беморони нашъаманди дар қайди расмибуда, дар соли 2008 зимни чораандешӣ доир ба пешгирӣ ва коҳиш додани нашъамандӣ миёни аҳолӣ, тадбирҳои судманд рӯи кор оварда шуд, ки ин шумора то ба имрӯз ба 4641 нафар яъне 53,7% – коҳиш дода шуд.
Аз соли 2000 ба ин тараф дар Тољикистон теъдоди љиноятњои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сол то сол коҳиш меёбанд ва дар ин дастовард саҳми кормандони Агентӣ назаррас мебошад.
Бо итминон метавон гуфт, ки асноди меъёрӣ – ҳуқуқии дар ибтидои фаъолияти Агентӣ таҳия ва тасвибшуда заминаи ҳамкории мутақобилан судмандро дар самти муқовимат бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ фароҳам сохтаанд.
Нозири Шуъбаи равобит бо ҷомеаи Ситод,
лейтенанти х.н.м.н Муҳиббуллоҳ Ҳошимзода