Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Иштироки намояндагони Агентӣ дар машваратҳои мақомоти мубориза бар зидди маводи нашъаовари давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай

Рӯзҳои 26-27 майи соли 2025 дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин машварати кормандони аршади мақомоти мубориза бар зидди маводи нашъаовари давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва 28 майи соли 2025 машварати 15-уми роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай оид ба маводи нашъаовар баргузор гардид.

Дар машваратҳои мазкур масъалаҳои вобаста ба вазъи нашъамандӣ дар давлатҳои узви СҲШ, Изҳороти сарони давлатҳои узви СҲШ оид ба маводи нашъаовар ва Созишномаи давлатҳои узви СҲШ оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар чорабиниҳои зикршуда роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои узви СҲШ иштирок ва суханронӣ намуда, масъалаи рушди дурнамои ҳамкориро дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар доираи Созмон мавриди баррасӣ қарор доданд.