Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Озмуни “Расми беҳтарин” баҳогузорӣ гардид

Санаи 28-уми майи соли ҷорӣ чорабинии ҷамъбастии озмуни  “Расми беҳтарин”, ки бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд дар сатҳи баланд анҷом ёфт.

      Озмуни мазкур бахшида ба  “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” ва 26-умин солгарди таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

      Дар озмун хонандагони Муассисаи давлатии ” Мактаби бачагонаи рассомӣ” Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе иштирок намуда, расмҳои тасвир намудаи худро, ки дар мавзӯи пешгирӣ ва ҳушдор аз оқибатҳои хатарноки истеъмоли маводи нашъадор ва тарғиби тарзи ҳаёти солимро дар бар мегирифт ба намоиш гузоштанд. Қобили зикр аст, ки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ҷиҳати амалишавии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”  баҳри баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба зарари маводи нашъаовар дар ҷомеа, пешгирию коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ, роҳандозӣ намудани тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар байни ҳамаи табақаҳои аҳолӣ мунтазам чорабиниҳои гуногуни оммавӣ ташкил ва баргузор менамояд.

      Расмҳои тасвир намудаи иштирокчиён, ки ба маърази ҳайати ҳакамон ва тамошобинон пешкаш гардида буданд, мазмуни баланд ва ҷолиб дошта, далели тайёрии ҷиддӣ дидани ҳар яки онҳо ба озмун буд.

      Дар натиҷа ғолибон муайян ва бо тӯҳфаҳои хотиравӣ аз номи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

      Барномаи фарҳангии омоданамудаи масъулин анҷоми чорабиниро боз ҳам хотирмон намуд.