1-уми июни соли 1999 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсусгардонидашуда, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Дар Агентӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар ва 26-умин солгарди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки ҳайати шахсӣ ва собиқадорон баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо хондани Суруди миллӣ ва сухани табрикотии роҳбарияти Агентӣ оғоз шуд.
Зимни баромади худ Директори Агентӣ генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад иброз намуданд, ки маҳз сайъу талош ва кӯмаку дастгириҳои бемисли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳайати шахсии Агентӣ дар беҳтарин шароит кору фаъолият менамоянд.
Агентӣ фаъолияти худро дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории кишвар бароҳ монда, бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлат ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ як қатор корҳои ташкилӣ ва амалиро анҷом додааст.
Имрӯз бо шарафмандӣ метавон гуфт, ки Агентӣ ба як мақомоти махсуси пуриқтидор ва тавонои ҳифзи ҳуқуқ табдил ёфта дар таъмин ва нигоҳдории амният ва сулҳу субот саҳми босазо мегузорад.
Дар чорабинӣ собиқадорон ва кормандони ботаҷрибаи Агентӣ суханронӣ намуда қайд карданд, ки мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолият боқӣ монда дар ин самт ҳамкориҳоро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва хориҷӣ ба роҳ монда, дар оянда низ дар таъмини ҳимояи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ҷомеа ва давлат фаъолияти худро боз ҳам ҷоннок менамоянд.
Ҳамчунин дар доираи ин чорабинӣ маросими савгандёдкунии ҷавононе, ки ҳамакнун ба кор оғоз намуданд сурат гирифт.
Кормандоне, ки дар давоми фаъолияташон ба натиҷаҳои назаррас комёб гаштаанд, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ бо мукофотҳои соҳавӣ ва рутбаҳои навбатии хизматӣ қадрдонӣ гардиданд.
Интиҳои чорабинии тантанавиро барномаи фарҳангии омоданамудаи масъулин дар маркази таълимии тобистонаи Агентӣ, воқеъ дар минтақаи зебоманзари Варзоб хотирмон таҷлил намуданд.