Аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Иди саиди Қурбон ба бошандагони хона-интернат барои маъюбон ва пиронсолони “Батош”-и шаҳри Турсунзода кӯмаки хайриявии навбатӣ расонида шуд. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи расонидани кӯмаки моддӣ ба ятимон, маҷруҳон, собиқадорони ҷангу меҳнат, хона-интернатҳо, хонаводаҳои эҳтиёҷманд” аз ҷониби кормандони Агентӣ ба хона-интернат барои маъюбон ва пиронсолони “Батош”-и шаҳри Турсунзода мунтазам кӯмаки моддӣ расонида мешавад.
Хотиррасон менамоем, ки хонаи пиронсолони “Батош” соли 1972 кушода шуда, айни ҳол ҷои зисти зиёда аз 200 нафар аз синни 26 то 90 – сола аз тамоми ҷумҳурӣ мебошад.