Санаи 10-июни соли ҷорӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоишномаи “Шабе дар театр” аз рӯи асарҳои А.П. Чехов дар Муассисаи давлатии “Театри давлатии драмавии русӣ” ба номи В. Маяковский иштирок намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ чунин таъкид намудаанд: “Театр пайвандгари маънавии наслҳо буда, рукни муҳимму барҷастаи фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад”. Воқеан ин суханҳои пурарзиш роҳнамо ва қутбнамои ҳар як фарди бо фарҳанги миллати мо ба ҳисоб меравад.
Шахсоне, ки дар тамошои театр иштирок мекунанд, малакаҳои худтанзимкунӣ, роҳбарӣ ва ҳалли мушкилоти зиндагиро аз худ карда метавонанд. Театр барои тамошобин нақши бузург ва муҳим дошта, дар ташаккули шахсият, арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ, ҷаҳонбинӣ ва малакаҳои иҷтимоии онҳо нақши муассир мегузорад.