Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 –и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе санаи 11 –уми июни соли 2025 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва ШВКД 2-и ноҳияи Шоҳмансур дар самти пешгирии нашъамандӣ, сабаб ва оқибатҳои ру овардани ҷавонон ба омилҳои номатлуби нашъамандӣ бо сокинон маҳаллаҳои Ховарон, Қаротегин -1, Қаротегин -2, Қаротегин -3 ва Мирзобек суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.
Ҳамзамон, дар вохӯрии мазкур оид ба татбиқи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024, масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бо зуҳуроти терроризм ва экстремизм, омилҳои коррупсионӣ, савдои одамон ва силоҳ, риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат, таъмин намудани амният, сулҳу субот, ҳифзи истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак”, ҳамчунин сазовор истиқбол намудани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ ба ин муносибат суҳбатҳои судманд анҷом дода шуд.