Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ БО ИСТИҚОМАТКУНАНДАГОНИ МАҲАЛЛАИ “ЛУЧОБ”

Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64 –и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бахши занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар самти пешгирии нашъамандӣ, сабаб ва оқибатҳои ру овардани ҷавонон ба омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ,  шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонуниии динӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пӯшидани сару либоси бегона ҳамзамон, оид ба  таърихи тамаддуни Тоҷикон, дӯст доштани Модар – Ватан, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, риояи одобу ахлоқ, омӯхтани илму дониш, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.