Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии намояндагони Агентӣ бо кормандони тибби Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №6” дар шаҳри Душанбе

Санаи 13 –уми июни соли 2025 намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №6”-и шаҳри Душанбе, бо кормандони тибби муассисаи мазкур, вохӯрӣ дар мавзӯъи “Пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ” баргузор намуданд.

Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ ба кормандони тибб доир ба санадҳои меъёри ҳуқуқие, ки муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳоро ба танзим медароранд, аз ҷониби кормандони Агентӣ ба саҳми кормандони тибб расонида шуд.