Бахшида ба муносибати ҷашни бошукӯҳи Ваҳдати миллӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда шуд.
Баъд аз садо додани Суруди миллӣ чорабинии тантанавӣ оғоз гардида қайд карда шуд, ки ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бо ибтикор ва ташаббусҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бешубҳа санаи таърихӣ ва тақдирсоз мебошад.
Ваҳдати миллӣ пояи устувори давлат, бақои миллат, рамзу асолати миллӣ, ормонҳои таърихии муттаҳид намудани тоҷикон ва тоҷикистониҳо ба ҳисоб меравад.
Дар чорабинӣ зикр карда шуд, ки ин неъмати бебаҳо падидаи беназири даврони истиқлолият, истиқрори суботу оромӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрии ватани маҳбубамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва наслҳои ояндаро тарбият намоем, ки онро азизтарин неъмат, тантанаи адолат, рамзи асолат ва шинохти таърихии миллат, ки шарафу номуси ватандорӣ ва пойдориву бақои давлат ба шумор меравад муқаддас ва гиромӣ доранд.
Дар рафти чорабинӣ кормандони Агентӣ ба ифтихори таҷлили ин ҷашн суханронӣ намуда иброз доштанд, ки ба қадри неъмати бузурги истиқлолияту озодӣ мерасанд ва ваҳдати миллиро ҳамчун самараи даврони соҳибистиқлолӣ гиромӣ дошта, барои ҳифзи ваҳдати миллӣ ва дигар дастовардҳои таърихӣ ҳамеша омода мебошанд.