Бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва амалишавии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон силсила чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзиширо таҳти унвони “Корвони зиддимухаддиротӣ–2025” оғоз намуд.
Чорабинии мазкур чун солҳои қаблӣ, бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зиди сӯиистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии он бо ибтикори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, аз санаи 12 июн то санаи 26-уми июни соли 2025 дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд ва Душанбе ташкилу баргузор карда мешавад.
Бо ин мақсад дар Варзишгоҳи марказии пойтахт чорабинии мазкур оғоз гардида дар кори он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту муасиссаҳои гуногун, варзишгарон ва ҷавонони фаъоли Душанбешаҳр иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии намояндагони Агентӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш кушода эълон гардида доир ба мақсади чорабинӣ суханронӣ намуданд.
Қобили зикр аст, ки 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намуд. Эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол маҳз бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод шудааст.
Дар доираи чорабинии мазкур, мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни ҷавонону наврасони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе баргузор гардида, 16 даста аз тамоми муассисаҳо ва клубҳои варзишии пойтахт иштирок намуданд.
Чорабиниҳои “Корвони зиддимухаддиротӣ–2025”, зери шиори “Ҷавонон бар зидди маводи нашъаовар” дар доираи Нақша – чорабиниҳои муштараки таҳиягардида, идома дорад.