Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

“Корвони зиддимухаддиротӣ-2025” дар шаҳри Бохтар

Бо  мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва амалишавии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, санаи 23 июни соли 2025 Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар ҳамбастагӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон силсила чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзиширо таҳти унвони “Корвони зиддимухаддиротӣ-2025” роҳандозӣ намудааст.

Чорабинии мазкур, бахшида ба 26 июн “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонуни он” доир гардид.

Бо ин мақсад, дар толори муассисаи давлатии коллеҷи тиббии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд сурат гирифт, ки  дар он Сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон Фатҳиддинзода Тоҷиддин, Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Насриддинзода Рамазон ва намояндаи ҳукумати шаҳри Бохтари вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуданд. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон доир ба мавзуъ ва хатари бештари маводи нашъаовар ба ҳаёт ва саломатии ҷавонон оғоз гардида, сипас масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят суханронӣ намуданд.

Дар доираи чорабинии мазкур мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол, ки байни наврасони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар баргузор гардида буд, ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян ва бо туҳфаҳои хотиравӣ аз номи роҳбарияти Агентӣ  қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамзамон дар қисмати фарҳангию фароғатии чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Бохтар барномаи консертӣ намоиш дода шуд, ки ба иштирокчиён руҳу илҳоми тоза бахшид.