Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Баргузории “Корвони зиддимухаддиротӣ – 2025” дар шаҳри Хуҷанд

Баҳри дар амал татбиқ намудани Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, нақшаи чорабиниҳои он барои солҳои 2021-2025 ва нақшаи гузаронидани чорабиниҳои муштараки фарҳангию фароғатӣ ва варзишии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу ба роҳ монда миёни ҷавонону наврасон машғулиятҳои фарҳангию фароғатии зиди нашъамандӣ ташкилу баргузор менамоянд.

 

Чорабинии мазкур чун солҳои қаблӣ, бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зиди сӯиистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии он бо ибтикори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, аз санаи 12 июн то санаи 26-уми  июни соли 2025 дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд ва Душанбе ташкилу баргузор карда мешавад.

Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд  инчунин, федератсияи футболи вилояти Суғд, мусобиқаи варзишии футболи хурдро байни ҷавонони синну солашон аз 13 то 16 сола ташкил  ва баргузор намуданд.

Чорабинии мазкур, бахшида ба 26 июн “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонуни он” доир гардида дар мусобиқаи мазкур 8 даста иштирок намуда, аз онҳо дастаҳои  “Суғд 87”, “Истиқлол”, “Шоҳин” ва “Мактаби махсуси футболи вилоят” бозии дустона анҷом доданд.

Кайд кардан ба маврид аст, ки 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намуд. Эълон  гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол маҳз бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод шудааст.

Чорабиниҳои “Корвони зиддимухаддиротӣ–2025”, зери шиори “Ҷавонон бар зидди маводи нашъаовар” дар доираи Нақша – чорабиниҳои муштараки таҳиягардида, идома дорад.