Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

ҶАМЪБАСТИИ ЧОРАБИНИИ “КОРВОНИ ЗИДДИМУХАДДИРОТӢ-2025” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳамасола санаи 26-уми июн, ҳамчун “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии онҳо”,  дар саросари олам қайд карда  мешавад.

Дар ин робита, бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 11-ум то 25-уми  июни соли 2025 дар шаҳрҳои Бохтари вилояти Хатлон ва  Хуҷанди вилояти Суғд чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ таҳти унвони “Корвони зиддимухаддиротӣ–2025” зери шиори “Ҷавонон бар зидди маводи нашъаовар”, доир гашт.

Корвони зиддимухаддиротӣ–2025 аз маҷмӯи чорабиниҳо аз қабили футболи хурд, баргузории дигар чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ дар шаҳрҳои боло зикр роҳандозӣ гардида, ғолибони ҷорабиниҳои варзишӣ бо тӯҳфаҳои арзишманд ва хотиравӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои мазкур ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мушкилоти нашъаҷалобию нашъамандӣ ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба оқибати фоҷеабори сӯиистеъмоли он мебошад.

26 июн ҷамъбасти чорабинии мазкур дар “Майдони 800-солагии Москва”-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ташкилотҳои хориҷӣ ва ҷамъиятӣ,  варзишгарон, ҳамчунин меҳмонон ва сокинони шаҳр иштирок намуданд.

Баъд аз садо додани Суруди миллӣ аз ҷониби иштироккунандагон ва Оркестри ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин чорабиниро оғоз намуда, оид ба  зарари маводи нашъаовар ва оқибатҳои фоҷеабори нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва ташвиқу тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим, тавассути ҳарчи зиёдтар машғул шудан ба варзиш, ба таҳсил ҷалб намудани фарзандон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суханронӣ намуданд.

 

Сипас намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баромад қайд намуд, ки ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Агентӣ ва дигар мақомоти дахлдор фаъолияти оштинопазири худро бар зидди қочоқ, интиқол ва паҳншавии маводи нашъаовар, бахусус сӯиистеъмоли онҳо ба роҳ монда, пайваста дар ин самт тадбирҳои  судмандро роҳандозӣ менамоянд.

Дар рафти чорабинӣ намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони даъватшуда баромад намуда, оид ба оқибатҳои зиёновари маводи нашаъовар ва роҳҳои пешгирии он изҳори андеша намуданд, ки ҳамкории судманди дастаҷамъонаи ниҳодҳои масъули давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро гарави асосии коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ арзёбӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки бахшида ба “Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии онҳо”, ва таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар байни иштирокчиёни  муассисаҳои варзишии шаҳри Душанбе мусобиқа дар риштаи Футболи хурд доир гашт.

Ҳамчунин, дар доираи чорабинии мазкур, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Радио Викторина” баргузор гардида буд, ки беҳтаринҳо ва ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ, дар фазои тантанавии имрӯза бо ҷоизаҳо, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби ташкилкунандагон қадрдонӣ карда шуданд.

Кормандони Агентӣ дар доираи лоиҳаи “Корвони зиддимухаддиротӣ”, ният доранд дар оянда низ, баҳри иҷрои чунин корҳои хайру муҳим сафарбар гардида, дар бунёди ҷомеаи солиму озод аз хатари нашъамандӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Дар хотимаи чорабинӣ намоишномаҳои сирки давлатӣ ва барномаҳои консертӣ  намоиш дода шуданд, ки ба иштирокчиён рӯҳу илҳоми тоза бахшид.