2-3 июл дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон машваратҳои коршинсони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор шуд. Зимни машваратҳо лоиҳаи Созишнома дар бораи таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баррасӣ гардид. Ёдовар мешавем, ки дар саммити сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар Бишкек баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай сохтори алоҳидаи мубориза бо маводи мухаддир таъсис дода шавад.