Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ БО ИСТИҚОМАТКУНАНДАГОНИ ЯКҚАТОР МАҲАЛЛАҲОИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши дин ва танзими ҷашну маросим, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Рӯдакӣ, раёсати агентии шуғли аҳолӣ ва намояндагони Ҳизби халқии демократии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо сокинони маҳаллаҳои “Озодӣ”, “Гулистон”, “Турсунзода” ва “Спитамен” дар самти пешгирии нашъамандӣ, сабаб ва оқибатҳои ру овардани ҷавонон ба омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонунии динӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва ҳамзамон, оид ба таърихи тамаддуни Тоҷикон, дӯст доштани Модар – Ватан, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, риояи одобу ахлоқ, омӯхтани илму дониш, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд.