Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ БО ИСТИҚОМАТКУНАНДАГОНИ МАҲАЛЛАИ “БОРБАД”-И НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Санаи 23-юми июли соли 2025 бо истиқоматкунандагони маҳаллаи “Борбад” аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши ҷавонони МИҲД-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар самти пешгирӣ аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, омилҳои корупсионӣ, бемориҳои сироятии ВНМО, шомилшавӣ бо гуруҳҳои ифротгароӣ,  терроризму экстремизм байни наврасону ҷавонон, оид ба бар кардани либосҳои бегона миёни ҷавондухтарон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила, дӯст доштани Модар – Ватан, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, риояи одобу ахлоқ, омӯхтани илму дониш, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, вохӯриву суҳбат баргузор гардид.