Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба пешгирии суистеъмоли маводи нашъаовари Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе

Санаи 29-уми июли соли 2025 дар толори меҳмонхонаи “Румӣ” дар доираи татбиқи “Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷиҳати амалисозии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025 ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба пешгирии суистеъмоли маводи нашъадори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар ҷаласи мазкур аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, инчунин намояндагон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, АНМН ҶТ, РВКД ва МД МҶКН, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва  Иттиҳодияи ҷамъиятии “СПИН-ПЛЮС” иштирок ва доир ба мавзӯъҳои “Таҳлили вазъи нашъамандӣ дар шаҳри Душанбе. Дастовард ва мушкилот дар ин самт”, “Санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муомилоти маводи нашъадор ва моддаҳои психотропӣ”, “Таҳлили сирояти ВНМО дар байни нашъамандони тазриқии шаҳри Душанбе”, “Мушкилоти истеъмоли маводҳои фаъолкунандаи руҳи дар байни наврасону ҷавонон дар шаҳри Душанбе ва “Нақши иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ” баромад намуданд.