
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар нимсолаи аввали соли 2025 санаи 29 – уми июл соати 08:00 нишасти матбуотӣ доир намуд.
Нишасти матбуотиро Директори Агентӣ генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Самад Зафар оғоз намуда, аз ҷамъбасту натиҷагирии фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 баромад намуд.
Аз ҷумла Директори Агентӣ зимни баромади худ қайд намуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар 13089 (2024 – 11860) ҷиноятҳои умумӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 534 (2024 – 419) ҷиноят вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор мебошад, ки 4 фоизи ҷиноятҳои умумиро ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, 115 ҷиноят ё 27,4 фоиз зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин давра, дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 3 т 107 кг маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2024 (3 т 96 кг 616 гр) 10 кг 388 гр зиёд мебошад.
Ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар аз ҷониби мақомоти ваколатдор дар алоҳидагӣ чунин мебошад:
– АНМН–384 кг 440 гр (2024-217 кг 820 гр);
– ВКД– 1 т 176 кг (2024 – 2 т 89 кг 232 гр);
– КДАМ–1 т 459 кг (2024–789 кг 56 гр);
– АНДМ ва МК–3 кг 92 гр (2024 – 508 гр).
– ХГ– 83 кг 220 гр (2024–мусодира надорад);
Инчунин, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин давра 155 кг 536 гр моддаҳои психотропӣ мусодира карда шудааст, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли 2024 – 71 кг 533 гр ё 85 фоиз зиёд мебошад.
Илова бар ин, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 21 ҳазору 741 (2024 – 13 ҳазору 731) воситаҳои нашъадор дар намуди ҳаб (таблетка) мусодира гардидааст, ки аз ин шумора 15 ҳазору 824 ҳабро Агентӣ мусодира намудааст.
Ҳамчунин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар нимсолаи якуми соли 2025 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 тоннаву 692 килограмм маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки ҳаҷми он 54,4 фоизи мусодираи ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Дар ин давра аз ҷониби Агентӣ 86 (2024 – 55 ) ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ошкор карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 –56 фоиз (31 ҷиноят) зиёд мебошад.
Дар нимсолаи якуми соли 2025 аз ҷониби Агентӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 384 кг 440 гр (2024-217 кг 820 гр) маводи нашъаовар мусодира гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 – 166 кг ё 76,5 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра, Агентӣ фаъолияти 24 гурӯҳи ҷиноятиро дар ҳайати 53 нафар ошкор кардааст.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ, аз ҷониби кормандони Агентӣ 175 (2024 – 93) ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор ва дар ин робита 187 нафар (2024 – 101) ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Ҳамин тариқ, Агентӣ дар шаш моҳи аввали соли 2025 фаъолияти 24 гурӯҳи ҷиноятиро (2024 – 15) дар ҳайати 53 нафар (2024 – 37), ошкор ва қатъ кардааст.
Дар натиҷаи ҳолатҳои ошкоргардида дар давраи сипаригардидаи соли ҷорӣ, муфаттишони Агентӣ 71 (2024 – 36) парвандаи ҷиноятиро нисбати 103 нафар (2024 – 60) ба судҳо ирсол намуданд. Дар ин робита, бо парвандаҳои ҷиноятии тафтишшуда, ҳамагӣ ба молу мулки айбдоршавандагон 130 000 сомонӣ (2024-19 712 265 сомонӣ) ҳабс гузошта шудааст.
Бо мақсади амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳои асосии иҷрои Барномаи соҳавӣ оид ба амалигардонии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва таъмини иҷрои босамари қарорҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор аз ҷониби Агентӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар нақша-чорабиниҳо ба тасвиб расонида, ва ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ ва паҳншавии он дар байни қишрҳои гуногуни аҳолии кишвар 256 вохӯрӣ, 9 семинар, 17 чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ ва варзишӣ ва 21 мизи мудаввар гузаронида шуда, дар васоити ахбори омма 98 баромадҳо, аз ҷумла 84 баромад дар телевизион, 3 баромад дар радио ва дар матбуоти даврӣ 11 мақолаҳо инъикос ва нашр гардида, 200 маълумот дар сомонаи расмии Агентӣ (akn.tj) ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ пахш карда шудаанд.
Сатҳи нашъамандӣ коҳиш ёфта, шумораи нашъамандони дар қайди расмибуда дар нимсолаи якуми соли 2025-4002 нафарро ташкил дода, назар ба ҳамин давраи соли 2024 (4066) ба 64 нафар ё 1,6 фоиз коҳиш ёфтааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2025 дар муассисаҳои наркологии ҷумҳурӣ бори аввал 178 нафар бо ташхиси «нашъамандӣ» ба қайд гирифта шудаанд.
Имрӯз дар Тоҷикистон ба ҳар 100 ҳазор аҳолӣ 40 нашъаманд рост меояд, ки он назар ба дигар давлатҳо нишондиҳандаи хело паст аст.
Дар қисмати ҷамъбастии нишасти матбуотӣ дар ҳузури рузноманигорон бо тартиби дар қонунгузорӣ муайянгардида дар ҳузури комиссияи дохилиидоравии Агентӣ ва намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри душанбе 280 кг 318 гр маводи нашъаовар дар бухории махсусӣ Агентӣ сӯзонида несту нобуд карда шуд.