Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии тантанавӣ боиштироки ҳайатишахсӣ ва меҳмонон баргузор гардид.Чорабинӣ бо воридгардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хондани Суруди миллӣ аз ҷонибиҳайати шахсӣ оғоз шуд.
Сипас Роҳбарияти Агентӣ ҳозиринро ба ифтихори ин ҷашни муқаддаси миллӣ табрику таҳният гуфта, қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, дар як муҳлати кутоҳтарин бо ба ҷоовардани рисолати бузурги давлатдорӣ, фаъолияти муназзаму босамари шохаҳои ҳокимият, амнияти ҷомеа ва давлат, волоияти қонун, рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, шароити зиндагиву рӯзгори сокинони мамлакатро бамаротиб баланд бардорад.
Ҳамчунин, дар доираи ин чорабинӣ маросими савгандёдкунии ҷавононе, ки акнун ба кор оғоз кардаанд баргузор шуд, кормандони ҷавон ҳангоми савгандёдкуни ботантана изҳор доштанд, ки ба савганди худ содиқмонда, кушишменамоянд, ки дар таъмини суботу амнияти кишвар ободии сарзамини хеш хизмати арзанда намоянд.
Баъд аз маросимисавгандёдкунӣ бахшидаба 34-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ҳайати шахсии Агентӣ гузашти низомӣ анҷом доданд.
Интиҳои чорабиниро Сурудҳо дар васфиМодар – Ватан сароидаи ҳунармандон хотирмон намуд.

