
Санаи 27.08.2025 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии директори Агентӣ Зафар Самад бо намояндаи доимии навтаъйини Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар Тоҷикистон Судипта Мукерҷӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот баъд аз маросим, супоридани туҳфаҳои хотиравӣ доир гашта директори Агентӣ Судипта Мукерҷиро бинобар ба вазифаи нав таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ ҷиҳати таҳким ва боз ҳам густариш додани муносибатҳо байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо БРСММ ва пешбурди фаъолияти касбиаш комёбиҳо орзу кард.