
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии тантанавӣ бо иштироки ҳайати шахсӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ворид гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хондани Суруди миллӣ аз ҷониби ҳайати шахсӣ оғоз шуд.
Ҳамчунин, дар доираи ин чорабинӣ ҷавононе, ки ба Донишкадаи Ҳуқуқии Сибири Вазорати Корҳои Дохилаи Федератсияи Россия дохил шуданд ва нафароне, ки пас аз хатми ҳамин Донишкада ба кор дар Агентӣ қабул шудаанд маросими савгандёдкунӣ баргузор гардид. Кормандони ҷавон ҳангоми савгандёдкуни бо тантана изҳор доштанд, ки ба савганди худ содиқ монда, кушиш менамоянд дар таъмини суботу амнияти кишвар ободии сарзамини хеш хизмати арзанда намоянд.
Ҳамзамон дар арафаи ҷашни Истиқлолияти Давлатӣ якқатор кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаҳои махсуси “полковники хизмати назорати маводи нашъаовар” сарфароз гардонида шудаанд.
Инчунин дар идомаи чорабиниҳо бахшида ба Истиқлолияти Давлатӣ дар дастгоҳи марказии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсӣ баргузор гардид.
Чорабиниро Директори Агентӣ оғоз намуда, зимни суханронии худ қайд карданд, ки нақш ва хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд, таҳким ва ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ беназир мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ кормандони ҷавон доир ба ҷашни бузурги миллӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз файзу неъмат ва дастовардҳои Истиқлолият баромад намуданд.
Бахшида ба ин ҷашн 34 – умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандон баҳри хизматҳои арзанда дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгирии нашъамандӣ, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо рутбаҳои навбатӣ дар фазои тантанавӣ сарфароз гардонида шудаанд.