Ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Варзоб сокинон бо иштироки фаъолонаи худ дар ин чорабинӣ ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ва истиқлолияти бадастомадаи кишвар изҳор намуда, аз амният ва осудагии дар фазои мамлакат қаноатмандӣ менамуданд.
Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба ҷашни 35 – солагии истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб Самад Зафар Тағой, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Муҳаммадулло Умар, роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд.
Дар охир аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи театрикунонидашуда, бо ҳузури ситораҳои шинохтаи санъати ҷумҳурӣ, ки хотирмон буд мавриди назари иштирокдорон гардонида шуд.



