
Санаи 11–уми сентябри соли 2025 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши кор бо ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо волидайн ва хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз истеъмоли маводи нашъаовар, инчунин оқибатҳои фоҷиабори тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз истеъмоли ғайритиббии моддаҳои психотропӣ ва сахттаъсир, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонунии динӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд. Инчунин дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби иштироккунандагон саволҳои бешумор дода шуда, кормандони Агентӣ ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас доданд.