Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии навбатӣ дар МТМУ № 22-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Санаи 17 –уми сентябри соли 2025 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо роҳбарони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, намояндагони шуъбаи кор бо занон ва оила, шуъбаи маориф ва ШВКД-и ноҳияи Фирдавсӣ  бо омузгорон, волидон ва хонандагони синфҳои болоӣ суҳбату вохӯрӣ гузарониданд.

Зимни вохӯрӣ мутахассисон дар самти пешгирии нашъамандӣ миёни наврасону ҷавонон аз истеъмоли маводи нашъаовар, инчунин пешгирии истеъмоли ғайритиббии моддаҳои психотропӣ ва сахттаъсир, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонуниии динӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбату фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд. доир гардид.