Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 вохӯрӣ доир гардид

Санаи 19 –уми сентябри соли 2025 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе, намояндагони шуъбаи кор бо занон ва оила, шуъбаи маориф, ШВКД-и ноҳияи И. Сомонӣ  бо омузгорон, волидон ва хонандагони синфҳои болоӣ суҳбату вохӯрӣ баргузор намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, дар самти пешгирии нашъамандӣ миёни наврасону ҷавонон аз истеъмоли маводи нашъаовар, инчунин пешгирӣ аз истеъмоли ғайритиббии моддаҳои психотропӣ ва сахттаъсир, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, истеъмол намудани моддаҳои психотропӣ ва сигорҳои электронӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вохӯрӣ гузарониданд.

Бояд қайд намуд, ки вохурии мазкур дар телевизионӣ “Душанбе” сабт ва пахш гардид.