Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии навбатии кормандони Шуъбаи байниноҳиявии АНМН-и ҶТ дар ноҳияи Лахш бо хонандагони МТМУ №2

Санаи 22-юми сентябри соли 2025 кормандони Шуъбаи байниноҳиявии АНМН-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш бо устодон, волидон ва хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-и деҳаи Фатҳободи ноҳияи Тоҷикобод дар мавзуи “Сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ” вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар рафти суҳбату вохӯрӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва оқибатҳои фоҷеаборӣ тиббӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ ва маводҳои сахттаъсир, шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ маълумотҳои муфассал пешниҳод гардида, ба саволҳои онҳо посух дода шуд.