Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии кормандони Агентӣ бо хонандагони МТМУ №24 – и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Санаи 19–уми сентябри соли 2025 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи маорифи ноҳия ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо волидайн ва хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон дар самти пешгирии  наврасону ҷавонон, аз истеъмоли маводи нашъаовар, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонуниии динӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, инчунин оид ба  зарари маводи нашъаовар ва оқибатҳои фоҷеабори нашъамандию нашъаҷаллобӣ суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025, кормандони Агентӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ, дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа пайваста чунин чорабиниҳо ва сӯҳбату вохӯриҳои судмандро доир намуда, дар онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонанд.