Имрӯз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илму маориф нақши калидӣ ва афзалиятнок дошта, дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона, ҳамзамон рушду нумӯи кишвари биҳиштосоямон, меҳвару мақом ва манзалати хоса дорад.
Зикр кардан бо маврид аст, ки зери роҳбарии маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кишварамон сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар замони истиқлол вусъати тоза пайдо намудаву ҳамасола даҳҳо муассисаҳи таълимӣ бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ сохта ба истифода дода мешаванд ва пояҳои моддиву техникии дигар муассисаҳои таълимӣ азнавсозӣ мегарданд.
Дар заминаи сиёсати маорифпарварона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон намудани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» санаи 20-уми сентябри соли равон дар деҳаҳои Қулписта ва Чинори Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнии ноҳияи Варзоб муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №70 ва №30 мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар рафти он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба ҷашни 35 – солагии истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб Зафар Самад Тағой, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан Азам ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Тазаккур бояд дод, ки баромадкунандагон зимни суханронии хеш ёдовар шуданд, ки муассисаҳои таълимӣ бо технологияҳои муосир ва кабинетҳои фаннӣ муҷаҳҳазгардонидашуда, сохта дар он беҳтарин шароит барои омӯзгорон ва хонандагон фароҳам оварда шуд. Муҷаҳҳаз намудани ҳуҷраҳои корӣ ва синфхонаҳо бо лавозимоти зарурӣ имкон медиҳад, ки минбаъд, кормандони соҳаи маориф бо истифода аз шароити лозима бо азму иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ кору фаъолият созанд.
Илова бар ин, зимни баромад таъкид шуд, ки тибқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар доираи маблағҳои буҷети ноҳияи Варзоб ва соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70 дорои 11 синфхона барои 264 нафар хонанда дар як баст ва сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 дорои 7 синфхона барои 84 ҷойи нишаст дар як баст ба маблағи 10 миллиону 400 ҳазор сомонӣ сохта, имрӯз мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар баробари ин, зикр менамоем, ки дар назди муассисаи таълимии №30 майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ оид ба ҳавасмандгардонии оилаҳои ниёзманд ба фарзандони онҳо сару либос тақдим карда шуд.
Дар охир ёдрас менамоем, ки сокинони ноҳияи Варзоб бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи чораҳоро меандешанд ва баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни фархундаи миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасро ба анҷом мерасонанд.














