
Санаи 23 –уми сентябри соли2025 дар толори муассисаи давлатии таълимии Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мудири шуъбаи кор бо занон ва оила, ҷавонон, маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо омузгорон, хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо дар самти пешгирии аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон, аз истеъмоли маводи нашъаовар, инчунин оқибатҳои фоҷеабори тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз истеъмоли ғайритиббии моддаҳои психотропӣ ва сахттаъсир, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ҷиҳати амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон” баромад намуданд.
Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ, ин пешгирӣ намудани наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуб ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарварии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ мебошад.