Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрӣ бо омузгорон, волидон ва хонандагони МТМУ №67

Санаи 23 –уми сентябри соли 2025 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67-и ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оила бо омузгорон, волидон ва хонандагони синфҳои болоӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ миёни наврасону ҷавонон, аз истеъмоли маводи нашъаовар, омил ва оқибатҳои сар задани нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ аз он ҷумла ВНМО/БПНМ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонуниии динӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вохӯрӣ баргузор гардид.