Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии навбатӣ бо хонандагони МТМУ №66-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Санаи 23 –уми сентябри соли 2025 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66-и ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила, мудири шуъбаи маориф ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон бо омузгорон, волидон ва хонандагони синфҳои болоӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ миёни наврасону ҷавонон, аз истеъмоли маводи нашъаовар, инчунин омилҳои сар задани нашъамандӣ ва  оқибатҳои он, шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вохӯрӣ баргузор гардид.