
Санаи 26–уми сентябри соли 2025 вохӯрии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якоҷоягӣ бо намояндагони бахши ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳияи Фирдавсӣ мулоқот бо хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон дар самти пешгирии наврасону ҷавонон, аз истеъмоли маводи нашъаовар, инчунин оқибатҳои фоҷеабори ғайритиббии моддаҳои психотропӣ ва сахттаъсир, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.
Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ доир ба санадҳои меъёри ҳуқуқие, ки муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳоро ба танзим медароранд аз ҷониби кормандони Агентӣ ба саҳми иштирокдорон (иштироккунандагон) расонида шуд.