Баргузории озмуни иншои беҳтарин бахшида ба 5 октябр – Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ҷиҳати амалишавии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва Нақша чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Фирдавсӣ байни хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 аз 28 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 138 хонанда иштирок намуда иншои беҳтарин дар мавзуи “Зодагони истиқлол зидди маводи нашъадор!”-ро баргузор намуданд.
Бояд тазаккур намуд, ки забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба шумор рафта, гузашта аз ин муаррифгарӣ миллат буда баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи кишвар, таъмини рушди илму маориф ва пешрафти дигар соҳаҳо, саҳмгирии наврасону ҷавонон бараъло эҳсос мегардад. Аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза нашъамандиву нашъаҷалобӣ, терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур доир ба самти пешгирии нашъамандӣ миёни наврасону ҷавонон аз истеъмоли маводи нашъаовар, инчунин пешгирии истеъмоли ғайритиббии моддаҳои психотропӣ ва сахттаъсир, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонуниии динӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани маълумотнокии хонандагон оиди хатари маводҳои нашъадор роҳандозӣ гардидааст.


