Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Таҷлили ҷашни забони давлатӣ дар Агентӣ

Ба муносибати рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии тантанавӣ бо иштироки роҳбарият, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва ҳайати шахсӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо хондани Суруди миллӣ аз ҷониби ҳайати шахсӣ оғоз карда шуд.

Сипас Роҳбарияти Агентӣ ҳозиринро ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ табрику таҳният гуфта, қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикиро ҳамчун муқаддасоти давлатӣ эълон ва онро чун дастоварди таърихӣ ҳифз менамояд.

Дар яке аз баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «Забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони истиқлол ва дар марҳалаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати миллатсозиву давлатсозии худро бо рангу ҷилои тоза идома бахшида истодааст».

Ҳамасола 5-уми октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ таҷлил мегардад.

Дар рафти чорабинӣ кормандони Агентӣ ба ифтихори таҷлили ин ҷашн суханронӣ намуда иброз доштанд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад