
Санаи 20–уми октябри соли 2025 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №76-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бахши кор бо ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо волидайн ва хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ мутахассисон дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз истеъмоли ғайритиббии моддаҳои психотропӣ ва сахттаъсир, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонуниии динӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, инчунин арҷгузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва оқибатҳои нашъамандию нашъаҷаллобӣ баромад намуданд.