Санаи 21 –уми октябри соли 2025 кормандони Шуъбаи байниноҳиявии АНМН-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш мулоқот бо устодон ва хонандагони муассисаи давлатии таълимии Литсейи барои хонандагони болаёқати ноҳияи Лахш дар самти пешгирии наврасону ҷавонон, аз истеъмоли маводи нашъаовар, инчунин оқибатҳои фоҷеабори ғайритиббии моддаҳои психотропӣ ва сахттаъсир, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ мутахассисон доир ба санадҳои меъёри ҳуқуқие, ки муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳоро ба танзим медароранд аз ҷониби кормандони Агентӣ ба саҳми иштироккунандагон расонида шуд.

