
Санаи 16 –уми октябри соли 2025 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вохӯрӣ дар мавзӯҳои “Вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят дар муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъаовар” инчунин бемориҳои сироятӣ, аз он ҷумла “ВНМО/БПНМ” ва пешгирӣ аз омилҳои коррупсионӣ баргузор намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён ба саволҳои додаи худ дар самти мавзӯҳои болозикр, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.