
Санаи 24–уми октябри соли 2025 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №78-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бахши ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо волидайн ва хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон суҳбату вохӯрӣ баргузор намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, дар самти пешгирии нашъамандӣ миёни наврасону ҷавонон аз истеъмоли маводи нашъаовар, инчунин пешгирӣ аз истеъмоли ғайритиббии моддаҳои психотропӣ ва сахттаъсир, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароиву террористӣ, истеъмол намудани моддаҳои психотропӣ ва сигорҳои электронӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, баромад намуданд.
Ҳамчунин, кормандони Агентӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ, дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа пайваста чунин чорабиниҳо ва сӯҳбату вохӯриҳои судмандро доир намуда, дар онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонанд.