Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрӣ бо истиқоматкунандагони якчанд маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Санаи 23-уми октябри соли 2025 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони мудири бахши ҳуқуқ ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо истиқоматкунандагони маҳаллаҳои “Азизбеков”, “Кӯҳдоман” ва манзили хизматрасонии №5 ноҳияи мазкур дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, пешгирӣ аз омилҳои корупсионӣ, бемориҳои сироятӣ аз он ҷумла ВНМО, шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ, терроризму экстремизм, оид ба бар кардани либосҳои бегона миёни ҷавондухтарон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.