
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон, ки мақомоти махсусгардонидашудаи зиддимухадиротӣ маҳсуб меёбад, пайваста дар ҳалли мушкилоти назорати маводи нашъадор, пешгирии нашъамандӣ ва пурзӯр намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии онҳо пайваста чораҷӯӣ менамояд.
Бо ин мақсад, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон, дар Дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории Созмони Милали Муттаҳид (UNODC) дар нишасти 16-уми роҳбарони ниҳодҳои миллии зиддимухадиротии кишварҳои Аврупо, ки дар шаҳри Венаи Австрия баргузор гардида истодааст иштирок намуда истодаанд.
Дар чаҳорчубаи нишасти мазкур масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунии ҳамкориҳои минтақавӣ ва зерминтақавӣ дар ҳал ва мубориза бо мушкилоти ҷаҳонии маводи мухаддир, ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо парвариш, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин пайравӣ ба тавсияҳое, ки дар вохӯрии понздаҳуми роҳбарони мақомоти миллии муборизабаранда бо маводи мухаддир қабул шудаанд ва пайгирии иҷрои ҳама ӯҳдадориҳо дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, ки дар Эъломияи соли 2019 оид ба ҳал ва муқовимат бо мушкилоти ҷаҳонии маводи мухаддир инъикос ёфтаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.