Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Санаи 31-уми октябри соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Шуро намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва раисони иттифоқи ҷавонони ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи мазкур мутахассисон дар мавзӯҳои пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, шомилшавии ҷавонон бо гурӯҳҳои ифротгароӣ, терроризму экстремизм, бемориҳои сироятии ВНМО/БПНМ, оид ба бар кардани либосҳои бегона миёни ҷавондухтарон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, пешгирии зуроварӣ дар оила, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, суханронӣ намуданд.