
Санаи 3- юми ноябри соли 2025 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ ва Директори Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо баргузор гардид.
Дар оғоз Директори Агентӣ, генерал–майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад ба Директори ММҲИОМ Ҳамидов Маҳмуд Толибович оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ва мутақобилан судманди Агентӣ бо ММҲИОМ, инчунин оид ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ маълумот манзур намуданд.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо вазъи назорати маводи нашъаоварро дар Тоҷикистон ва минтақа муҳокима намуда, вобаста ба таҳдиду хатарҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари навъи синтетикӣ изҳори нигаронӣ намуданд.
Дар хотима ҷонибҳо барои бозҳам рушду тақвият додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ аз ҷониби Директори Агентӣ, генерал–майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад ба Директори ММҲИОМ Ҳамидов М. туҳфаи хотиравии Агентӣ тақдим карда шуд.