
Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро ҳайати роҳбарикунандаи Агентӣ оғоз намуда, зимни суханронӣ қайд намуданд, ки маҳз бо кӯшишу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи қабули Конститутсия низоми ҳуқуқӣ дар кишвар ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид ва ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо инобати тағйири муносибатҳои ҷамъиятӣ ва сохти демократии давлат аз нав таҳия ва қабул гашт, ки ин падида дар маҷмуъ шароити шоистаи зиндагиро барои ҳар сокини кишвар муҳайё намуд.
Баъд аз қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба танзим даровард ва барои суботи конститутсионӣ заминаи мустақим фароҳам овард.
Дар идомаи чорабинӣ кормандони Агентӣ ба заминаҳои қабули Конститутсия, марҳилаҳои он ва мазмуну муҳтавои ҳар як моддаи Конститутсия, муайянкунандаи мақому манзалати инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа ва дифои ҳуқуқу озодиҳои у баромад намуданд.
Зикр гашт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадест, ки низоми давлатдории моро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин менамояд.