
Санаи 5-уми ноябри соли 2025 дар толори Коллеҷи куҳӣ ба номи С. Юсупова миёни донишҷӯён ва омӯзгорон дар мавзуъҳои “Омилҳои сар задани нашъамандӣ миёни ҷавонон” ва “Вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе иштирок ва баромад намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки мизи мудаввар баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва иттилоотонии донишҷӯён бобати пешгирии нашъамандӣ ва хавфи вируси ВНМО/БПНМ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва коҳиш додани ин бемории сироятӣ миёни шаҳрвандон, инчунин маълумотнокии ҷавонон оид ба зиёновар будани маводи нашъаовар ва ҳамзамон баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ миёни ҷавонон равона гардид.